(998 71) 233-28-28

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

Yangiliklar va voqealar

Ғафур Ғулом ва устод Айнӣ

Байни худ устоду шогирд, дӯсту қадрдон, ҳамкору ҳаммаслак будани ин ду намояндаи забардасти адабиёти асри ХХ ӯзбек ва тоҷик маълум аст.

Дар асл Айнӣ адиби ӯзбек низ мебошад. Ӯ дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувон таваллуд шуда, овони кӯдакияш дар ноҳияҳои Ғиждувон ва Шофиркон гузаштааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, солҳои дароз дар Самарқанд зиндагӣ мекунад. Баъзе асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ навишта, баъдан худаш ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ҳамчунин, аксари асарҳои ба забони тоҷикӣ офаридаашро бо қалами худ ба забони ӯзбекӣ баргардондааст. Инро дар тарҷумашиносӣ тарҷумаи муаллиф меноманд. Масалан, адиб романи «Ғуломон»-ро аввал ба забони ӯзбекӣ навишта, баъдан ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Қиссаи «Одина»-ро бошад, ба тоҷикӣ навишта, ба ӯзбекӣ баргардондааст. Ҳиссаи бузурге, ки ӯ дар ривоҷи адабиёти ӯзбек гузоштааст, дар миқёси давлат эътироф гардидааст ва беҳуда нест, ки соли 2001 адиб бо мукофоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени “Буюк хизматлари учун” сарфароз гардонда мешавад.

Ғафур Ғулом Айниро ҳамчун устоди худ эътироф кардааст, ҳар гоҳ роҳаш ба Самарқанд ё баъдан ба Душанбе меафтод, ӯро зиёрат накарда барнамегашт, дар навбати худ Айнӣ ҳам ҳар гоҳе ба Тошканд оянд, албатта, дар хонаи шоир меҳмон мешуданд. Ин ду аллома тайи суҳбатҳо бисёр бедилхонӣ мекарданд. Барои ҳамин ҳам Садриддин Айнӣ шоир Ғафур Ғуломро «забони модарияш ӯзбекӣ бошад ҳам, дар ҳоле ки тоҷикеро вонахӯрдааст, забони форсиро ёд гирифта, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилро омӯхтааст...» гуфта ҳайрати худро изҳор қарда буд.

Ғафур Ғулом дар мақолаи «Имтиҳони зӯр» дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои ӯзбек ва тоҷик сухан ронда, аз ҷумла навиштааст, ки “дар баробари яке аз асосгузорони адабиёти нави тоҷик будан, Садриддин Айнӣ дар тарбияи адибони ҷавони ӯзбек ҳиссаи бебаҳо гузошта ва шахсан устоди мананд».

Духтари шоир Алмос ҳам: «Падарам нависандаи бузург Садриддин Айниро устози худ медонистанд» гуфта ба ёд овардааст.

Абулқосим Лоҳутиро ба ёд оварда дар «Дӯстамро ёд мекунам» ном хотирааш ӯ чунин навиштааст: «Устодҳои муҳтарамам Айнӣ ва Лоҳутӣ хонаамро мисли хонаи худ медонистанд. Ҷойи истиқомати онҳо дар Тошканд хонаи ман буд. Суҳбатҳои мо ҳар вақте ки вомехӯрдем, бештар ба мушоира табдил меёфт. Ин ҷо вожаи мушоираро бояд дигар хел фаҳмид. Мо бофандагони байту рубоии бофтаамон набудем. Мо равиягӯй (онҳое, ки шеърҳои дар як маром, дар як мазмун гуфташударо мехонданд) будем. Дар суҳбатхои мо Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Лутфӣ, Алишер Навоӣ... гӯё ҳозир буданд.. Суҳбатҳоямон бебаҳс, бемунозара намегузаштанд».

Дар номаи ба муносибати ташкил шудани Академияи улуми Тоҷикистон ба адиб ва олими шинохтаи тоҷик Сотим Улуғзода фиристодааш Садриддин Айниро «ҳазрати домулло устоди калони ҳамаи мо» гуфта лутф карда ва Президенти академия интихоб шудани ӯро «ин шарафи якҷояи мост» гӯён хурсандияшро баён кардааст.

Дар маҷлиси бахшида ба 30-солагии фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ, ки 13 декабри соли 1935 дар Тошканд баргузор шуда буд, Ғафур Ғулом «Ба Садриддин Айнӣ» ном шеъре ба тариқи бадеҳа навишта, аз минбари маҷлис хонда дод. Соли 1952 шеъре бо номи «Ба дӯстони пахтакори сармарқандиям» навишта, дар он меҳнаткашони вилоятро барои ақибмонӣ дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ва баҳонаи зиёд пеш овардани онҳоро танқид карда, чӣ тавр кор карданро аз Айнӣ ёд гиред, гуфта ишора кардааст:

Самарқанд шаҳрида яшайди Айний —
Меҳнаткаш, қаламкаш, севикли олим.
Ундан таълим олсак бӯлмасми, яъни
Саксон ёшли тинмас муаллим.

Бирор субҳидамдан дам олмай қӯймас,
Меҳнаткаш умридан минут қилмас ҳайф.
Қалин кӯзойнаклар, қорачиғ олмос,
Ҳар варақ китоби унга берар кайф...

Адиби шинохта Саид Аҳмад дар хотираҳои ба Ғафур Ғулом бахшидааш ин ду суханвари забардасти Шарқро ҳамчун дӯсту қадрдони якдигар, ҳамфикру ҳаммаслак муаррифӣ мекунад. Моҳи феврали соли 1947 барои мулоқот бо интихобкунандагони самарқандӣ рафта, бо Ғафур Ғулом ва Ҳамид Ғулом дар хонадони Садриддин Айнӣ ҳам меҳмон шуда буданд. Шояд аз сахтиҳои зиёди дар ҳаёт дидааш устоди бо сахткорӣ ва камхарҷӣ шуҳратёфта чӣ хел Ғафур Ғуломро пешвоз гирифта, хурсанд шуда, на танҳо бо будаш кифоя мекунад, балки чизҳои набударо ҳам муҳайё мекунад, ки бо меҳр тасвир кардааст: «Домуллоро дар масъалаи пул, харҷ хеле пухта мегуфтанд. Мо то дер дар хонаи домулло меҳмон будем, аммо чунин хусусиятро ҳис накардем. Дастархон пур аз нозу неъмат буд». Айнӣ бо меҳр: «Шумо мулло Абдуғафур, нишоллои бозорро нахӯред. Онҳо қаллобанд. Ба Шумо худам нишолло тайёр карда медиҳам», гуфта ба дӯсташ бо дасти худаш нишолло мепазад. Дар аснои тайёр кардани нишолло ду адиби нуктадон ба Бедилхонӣ машғул мешаванд, аз таърихи пайдоиши баъзе вожаҳо фикри якдигарро мешунаванд. Аз ҷумла, ба хулосае омаданд, ки калимаи «нонушта» дар забони ӯзбекӣ дар асл вожаи тоҷикии «ношито» буда, дар забони халқ талаффузаш дигар ва шаклаш вайрон шудааст. Саид Аҳмад нишоллои Садриддин Айниро хӯрда эътироф мекунад, ки дар умраш чунин нишоллои бомаззаро начашидааст. «Э, шумо ҳоло ҳалвои равғанини бухории маро нахӯрдаед!» – ҷавобан ба ин гуфтаанд устод ва ваъда додаанд, ки ҳангоми дафъаи оянда омадани онҳо ҳалво пухта медиҳанд. Баъд, сарфи назар аз пиронсолӣ, бо такя ба асо гаштан нигоҳ накарда, худ меҳмононро ба сайри Регистон мебаранд.

Пайдост, ки муносибати байни Садриддин Айнӣ ва Ғафур Ғуломро ҳамчун устоду шогирд, дӯсту ҳамкор дар асоси шеъру мақолаҳои ба якдигар бахшидаи онҳо, номаҳояшон, ёддоштҳои ҳамзамононашон ва гувоҳиҳо нисбати онҳо метавонад мавзӯи тадқиқоти алоҳидаи шавқовар бошад. Албатта, таъсири мутақобилаи паҳлуҳои осорашон низ омӯхта шавад, аз фоида холӣ нахоҳад буд. Азбаски Ғафур Ғулом Айниро устодам, муаллимам, устоди калон гуфта такрор ба такрор ва бо ҳурмат ба забон меовард, мусаллам аст, ки аз асарҳои устоди худ таъсир нагирифтан ва инъикос нагардидани ин таъсирпазирӣ дар асарҳои насрии Ғ. Ғулом аз имкон берун аст.

Эргаш ОЧИЛОВ, номзади улуми филология.