(998 71) 233-28-28

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

Yangiliklar va voqealar

Президенти Ӯзбекистон ҳайати Бонки сармояҳои инфрасохтори Осиёро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 августи соли 2019 ҳайати Бонки сармояҳои инфрасохтори Осиёро зери роҳбарии президенти ин институти байналхалқии молиявӣ Сзин Литсюн қабул кард.

Роҳбари давлат меҳмононро самимона ҳайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ афзоиши мусбати инкишофи ҳамкории муфиди тарафайнро байни Ӯзбекистон ва БСИО таъкид кард.

Бонк ислоҳоти сохтории ҷории мамлакатмонро фаъолона дастгирӣ менамояд. Ҳоли ҳозир омодагии аввалин лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба рушди низоми таъминоти об ва канализатсия, таъмири роҳҳои автомобилгард дар вилояти Бухоро ба миқдори беш аз 1,3 миллиард доллар ба поён мерасад.

Лоиҳаҳои истиқболнок бобати такомули инфрасохтори иҷтимоӣ, коммуналӣ ва нақлиётӣ дар Қароқалпоқистон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъмини молиявии корхонаҳои саноатӣ ва лоиҳаҳои хурди инфрасохторӣ, инчунин инкишофи савдои минтақавӣ ба миқдори умумии беш аз 1,6 миллиард доллар таҳия мегарданд.

Натиҷаҳои мусбати «мизи мудаввар», ки имрӯз доир ба масъалаҳои васеъ гардондани ҳамкории амалӣ ва пешбурди барномаҳои нав бо ҷалб намудани маблағи Бонки сармояҳои инфрасохтори Осиё баргузор гардид, махсус такид ёфт.

Муоҳида доир ба таҳия ва қабули «харитаи роҳ»-и ҳамдастии босамар ба давраи миёнамуддат ва ҳамчунин баргузор намудани чорабиниҳои дуҷонибае, ки ба ифшо намудани зарфияти шарикӣ нигаронда шудаанд, ба даст омад.

Президенти БСИО ба роҳбари давлат барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳодотро дар бораи қабули қадамҳои мушаххас доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бартаринок дар мамлакат комилан дастгирӣ намуд.

Сзин Литсюн инчунин моилии қатъии бонкро дар заминаи мустаҳкам намудани ҳамкории доманфарох бо Ӯзбекистон ба мақсади таъмини рушди устувори мамлакатамон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ собит намуд.

ӮзА